Сохтмони терминали фурудгоҳи байналмилалӣ анҷом меёбад
Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Сохтмони терминали фурудгоҳи байналмилалии Душанбе баробари 90 фоиз анҷом ёфта, ҳоло корҳои пардоздиҳӣ идома доранд. Таҷҳизоти мавриди зарурати терминал моҳи марти соли равон аз Аврупо оварда мешавад», — гуфт директори генералии фурудгоҳи байналмилалӣ Рустам Холиқов.
Алҳол барои фурудгоҳ бо маблағи беш аз 14 миллион доллари ИМА техникаи махсус, аз қабили мошинҳои барфтозакунӣ, грейдерҳо ва таҷҳизоти дигар харидорӣ шудааст. Ин имкон дод, ки теъдоди техникаи фурудгоҳ баробари 58,5 фоиз нав карда шавад.
Терминали нав бояд то 1 сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






