Сомонаи муосири тиббӣ
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори Вазорати тандурустии ҶТ ва Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СПИД Бунёди Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» 11 феврал дар шаҳри Душанбе бо иштироки 35 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, омӯзгорони Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мулоқоти корӣ баргузор шуд.Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки соли 2013 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷоя бо Созмони ҷамъиятии «СПИД Бунёди Шарқу Ғарб — Тоҷикистон» сомонаи муосири тиббӣ тартиб дод, ки фаъолияти онро гурӯҳе иборат аз 5 нафар коршиносони тиббӣ ва 12 нафар ҳамоҳангсозони бунгоҳҳои иттилоотӣ таъмин менамуд. Вазифаи ин маркази иттилоотӣ иборат аз воқиф намудани аҳолӣ аз бемориҳои сирояткунанда, зарари истифодаи маводи нашъаовар ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи ҳифзи саломатӣ мебошад. Иштироккунандагони мулоқот натиҷаи кори сомонаи иттилоотии тиббӣ дар соли 2013 ва ҳамкории гурӯхи коршиносони миллиро мавриди муҳокима қарор доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






