Суди сайёр дар қисмҳои низомӣ

Февраль 12, 2014 16:01

Хоруғ, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Дар тӯли сол  дар  гарнизони ҳарбии Хоруғ   13 парванда баррасӣ шуда,  ягон  парванда дар марҳилаи  кассатсионӣ ва назоратӣ  бекор нашуд, ки ин аз  беҳтар шудани  сифати   баррасии парвандаҳо   дар марҳилаи аввали судӣ  шаҳодат медиҳад. 
Ба гуфтаи сардори  Суди гарнизони ҳарбии Хоруғ  Дилшод Сангов  дар натиҷаи баррасии  13 парванда нисбат ба 14  сарбозон ва  афсар  бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои мухталиф ҳукми  судӣ бароварда шудааст.   
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ   бештари мурофиаҳои судиро ба таври сайёр бевосита  дар ҳудуди  қисмҳои ҳарбӣ баргузор кардааст.  Ба гуфтаи  раиси  Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ  ин иқдом  ба хотири  таъсирнокии бештари  мурофиаҳои судӣ  ва ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо байни афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ  амалӣ мешавад. 
       Ҳамзамон дар ин муҳлат ба Суди Олӣ  19 дархости мақомоти Прокуратураи  ҳарбӣ ворид  гардида,  ҳамаи ин дархостҳо  дар муҳлати муайяншуда қонеъ гардонда шуданд. Ба манзури  тарғиби   таҳкими қонуният, ҷалавгирӣ аз муносибатҳои ғайриоинномавӣ  ва сафарбар намудани  ҷавонписарон ба хизмати Ватан аз ҷониби  Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ   18 вохӯрӣ ва суҳбатҳо дар мавзуъҳои гуногун бо сокинони вилоят ва сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят гузаронда шуданд. 
 
 

Февраль 12, 2014 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд