Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Февраль 15, 2014 10:57

Душанбе, 15.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди ватандорӣ, ҳифзи шоиста аз марзу буми кишвар, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳодшударо ба хизмати содиқона ва матонату шуҷоат дар иҷрои вазифаҳои худ ҳидоят кард. Таъкид гардид, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва зина ба зина ба вазифаҳои баланд пешниҳод кардани онҳо низ пайваста кӯшиш бояд кард.Ҳамин тариқ дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъин шуданд.Комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликул, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз карда шуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба тарбияи кадрҳои миллии афсарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ комилан аз миён бурда шавад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ин мушкил бояд тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шуруъ шуда, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.Панҷ нафар ба вазифаҳои масъулиятнок дар ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъин гардид.Ба вазифаҳои Муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд ва чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Ҳамчунин Прокурори шаҳри Роғун иваз карда шуд.Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти адолати судӣ, волоияти қонун, коҳиш додани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани обурӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид гардид, ки бояд тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва корҳои тарғиботию пешгирӣ аз ҷинояткорию қонуншиканӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Февраль 15, 2014 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд