Такмили низоми бонкӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ба иттилои директори филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-и ноҳияи Шӯрообод Қиматшо Содиқов шуъбаи кор бо кортҳои пластикии филиали мазкур оид ба такмили низоми идораи молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир дар ин самт ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, гузариш ва ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, хусусан ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ дар ноҳия корҳои назаррасро анҷом дод. Дар ин давра ба филиал як банкомат ва 2 посттерминал ворид шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Тачҳизоти мазкур то имрӯз ба шаш ташкилоту муассиса, аз ҷумла ба раёсати молия, шуъбаи маориф, шуғли аҳолӣ, идораи коммуналӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистон, Хадамоти оташнишонӣ ва дигар сохторҳои буҷавӣ шартнома дорад, ки шумораи онҳо 440 нафарро дар бар мегирад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






