Таълими роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом
Душанбе, 12.02.2014.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ҳамчунин омӯзгорон ва донишҷӯёни бахшҳои нассоҷӣ ва мӯд бо иштирок дар ду давраи омӯзишии дурӯзаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ аз 12 то 19 феврал дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе дониши худро дар мавриди роҳҳои дарёфт ва хариди маводи хом амиқтар мегардонанд.
Тавре ки аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нахустин давраи ин силсилаи омӯзишҳо имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд оғоз ёфт. Давраи омӯзишии дуввум рӯзҳои 18-ум ва 19-уми феврал дар шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави МТБ — Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон» маблағгузорӣ мешавад.
Мавриди зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои амалии давраи омӯзишӣ ва машваратҳои инфиродӣ омода кардани намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои сафар ба кишвари Чин мебошад, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Зимни ин сафар намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии ҷумҳурӣ аз намоишгоҳи байналмилалии «Интертекстайл Шанхай», бозорҳои яклухти матоъ ва маводи зарурӣ дар Шанхай ва шаҳраки нассоҷӣ дар Кечао боздид ба амал оварда, имкон пайдо хоҳанд, ки доир ба низоми байналмилалии хариди матоъ ва дигар маводи хоми лозимӣ маълумоти бештар бигиранд, бо тавлидкунандагони шинохтаи ҷаҳонӣ вохӯриҳо баргузор намуда, имконоти ҳамкорӣ ва бастани карордодҳои тиҷоратиро баррасӣ кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






