Таъмири кӯчаи Назаршоев
Душанбе, 7.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). Бинобар корҳои таъмирӣ қитъаи роҳҳои шаҳрӣ аз хиёбони С.Шерозӣ то пули кӯчаи А.Дониш барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда мешавад. Дар ин бора сардори Раёсати таъмири роҳҳо ва купрӯкҳо Сӯҳроб Мирзоев ба АМИТ «Ховар » иттилоъ дод.
Аз рӯи суханони вай, корҳои таъмирӣ дар ин қитъаҳои роҳҳои мошингарди пойтахт дар рӯзҳои наздик оғоз гардида, то охири соли ҷорӣ идома хоҳад кард.
Масъулони сохторҳои шаҳрӣ вазифадор гардидаанд, ки дар робита бо оғози ҷараёни таъмири роҳҳои мазкур ҳаракати бо роҳҳои алтернативии шаҳрӣ ташкил намоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






