«Таъсири ҷирмҳои осмонӣ ва тағйирёбии иқлим»- семинар
Душанбе, 3.02.14 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-«Таъсири ҷирмҳои осмонӣ ва тағйирёбии иқлим»- таҳти чунин ном семинарии илмӣ бо иштироки олимону аспирантони дохил ва хориҷи кишвар дар Академияи илмҳои Тоҷикистон доир гардид.
Дар семинар иштирокчиён мушоҳидаҳои худро роҷеъ ба олами коинот баён намуда, нозуктарин ҳаракату паёмадҳои олами коинотро бо далелҳои илмӣ ва асоснокшуда баррас намуданд.
Дар чорабинӣ Президенти АИ ҶТ Фарҳод Раҳимов бо далелҳои илмии асоснокгардида аз вазъи кунунии ҳарорати иқлим ва мушкилоти минбаъдаи он маърӯза намуда, иброз дошт, ки бо мушоҳидаву корҳои илмию тадқиқотии олимони ҷаҳон дар як сония массаи сайёраи Офтоб 30 тонна коҳиш ёфта истодааст. Ба гуфтаи мавсуф бисёр хусусият ва паҳлуҳои доманадори ҷирмҳои кайҳонӣ. ба вежа галактикаҳо (роҳи каҳкашон) омӯхта нашуда, ба омӯзишу пажӯҳиши олимони соҳавӣ эҳтиёҷи зиёд дорад.
Дар ин бора аз Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






