Таваҷҷуҳи Р. Раҳимов ба ҳолати беҳдоштӣ
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз Маркази таълимии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва баталйони 1-уми таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 5453 Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дидан карда, бо фаъолияти хизматии онҳо аз наздик ошноӣ пайдо кард.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷараёни сафар мавсуф оид ба таъмирталаб будани маркази тадқиқотӣ ва ошхона таъкид намуда, баҳри таъмир намудани онҳо раёсатҳои дахлдорро вазифадор сохт.
Вазири корҳои дохилӣ ба баталйони 1-уми таъйиноти махсуси қисми низомии 5453-и Қӯшунҳои дохилии ВКД омада, зимни боздид бо афсарону сарбозони қисми мазкур ҳамсуҳбат шуд ва ба ҳолати санитариву беҳдоштии сарбозон таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ҳамзамон барои обутоби ҷисмонии сарбозон ва сохтани боз ду толори варзишӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо дод.
Дар ин вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ баҳри ободонию сарсабз гардонидани атрофи қисми низомӣ тавсия дод, ки маъракаи ниҳолшинониро хуб ба роҳ монда, ба муҳити атроф зебоии бештареро зам намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






