Тоҷикистон вазъи сармоягузориро беҳ месозад
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мақсади асосии кӯмаки нави техникии Бонки рушди Осиё ва Ҳукумати Ҷопон иборат аз беҳдошти вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, дастгирии дастраси корхонаҳо гардонидани донишҳо ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар аст.
Тавре ки аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар ҶТ хабар доданд, Бунёди оид ба коҳиш додани камбизоатии Ҷопон барои татбиқи лоиҳаи ислоҳоти вазъи сармоягузорӣ, ки бояд то соли 2016 амалӣ гардад, ба таври ройгон 1 миллион доллар ҷудо мекунад.
«Ба пиндошти мо ин лоиҳа имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорони шахсиро, ки хоҳиши дар Тоҷикистон фаъолият карданро доранд, зиёд намуда, ба онҳо имкон медиҳад, ки бо арзиши баландтар бештар маҳсулот бароранд ва хидмат расонанд», — гуфт мутахассиси бахши молияи Раёсати Бонки рушди Осиё дар Осиёи Марказию Ғарбӣ Рубен Баррето.
Лоиҳаи мазкур ба Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки ислоҳоти коҳиш додани хавфу хатари сармоягузорон, афзун намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷалби сармояҳоро роҳандозӣ намояд.
Барои таълими занони соҳибкори тамоми кишвар маркази озмоишӣ таъсис дода, байни онҳо аз рӯи рушди тиҷорат озмоишҳо ташкил карда мешаванд.
Дастгоҳи иҷроияи Президент Агентии иҷроия аз рӯи лоиҳаи мазкур ба шумор меравад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






