Уфуқи нави ҳамкорӣ бо Русия

Февраль 27, 2014 14:40

 Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати ширкати сохтмонӣ ва сармоягузории “Торговый Дом Сигма”- и шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Русия аз 15 январи   2014  ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатиро мариди омӯзиш қарор дод.
Субъектҳои хоҷагидорӣ ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, ширкатҳои Корхонаи воҳиди давлатии  “Биржаи меҳнатии ҷавонон”, Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди“Муҳоҷир”, “Бунёд-2013”, “Антарес” ва “Олами саёҳат” розигии худро оид ба бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доданд.
Тавре ки аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ҷиҳати бастани шартномаҳои дуҷониба байни ширкатҳои мазкур ва  ширкати сохтмонӣ ва сармоягузории “Торговый Дом Сигма”- и Санкт — Петербург корҳои омодагӣ идома доранд. Дар ҳолати бастани шартномаҳои дуҷониба муҳоҷирони меҳнатӣ расман дар ин ширкат бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
ҶДММ “Муҳоҷир” ба интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷи кишвар машғул буда, соли ҷорӣ барои таъмини 200 нафар бо корҳои мавсимӣ байни савхози “Карповский”-и ноҳияи Городишенскии вилояти Волгогради Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати таъминот бо кор баста шуд.

Февраль 27, 2014 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд