Вазъи Қулма муътадил аст
Душанбе, 24.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати мошинҳоро дар дидбонгоҳи Қулма то 27-уми феврал муътадил эълон кардааст.Тавре ки дар ин бора аз маркази матбуоти хадамот хабар доданд, ба диққати соҳибкорон ва тоҷирони кишвар ва хориҷи кишвар расонида мешавад, ки дидбонгоҳи Қулма (самти Тоҷикистону Чин ва Чину Тоҷикистон) то 27-уми феврал мунтазам фаъолияташро ба роҳ мондааст ва соҳибкорон метавонанд бе мамониат саргарми тиҷорат шаванд.Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дидбонгоҳи мазкур шуруъ аз даҳаи сеюми ноябр то даҳаи сеюми апрел бино ба сардиҳо ва боришоти барфи зиёд дар минтақа аз фаъолият боздошта мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






