Вазъи кунунии истилоҳоти соҳавӣ дар забони тоҷикӣ
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Вазъи кунунии истилоҳоти соҳавӣ дар забони тоҷикӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷамъомад мудири шӯъбаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова роҷеъ ба вазъи кунунии истилоҳоти забон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он сухан гуфт. Сипас ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ Мирзоҳасан Султонов дар мавзӯи «Вазъи корбасти истилоҳоти иқтисодӣ дар забони тоҷикӣ» маърӯза намуд.
Дар чорабинӣ олимон, иқтисоддонон, забоншиносон, тарҷумонон, кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Иштирокдорони ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои баррасигардида табодули назар карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






