Вохӯрии ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ бо донишҷӯёни ДМТ

Февраль 11, 2014 17:00

 
Душанбе, 11.02.2014.(АМИТ “Ховар”, Афшини Муқим).- Имрӯз ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод. Нахуст, Лора Так таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба тағйироти босуръати демографӣ дар минтақа ҷалб намуда, пешбинӣ гардидани афзоиши аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон то 77%-ро дар самтии рушди иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат муҳим хонд. Хонум Лора Так гуфт: “Мувофиқи тадқиқоте, ки чанде пеш аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаҳое, ки ҳадди ақал як нафар маълумоти олӣ дорад, аз имконоти бештари иштирок дар бахши расмии иқтисод бархурдор мебошанд”. Ба таъкиди Лора Так маҳз аз ин лиҳоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ бо ёдоварӣ аз тадқиқоти иқтисодӣ, ки дар он сатҳи маълумотнокии аҳолӣ ҳамчун ҷузъи муҳими рақобатпазирӣ ва самаранокии иқтисод нишон дода шудааст, иброз намуд, ки маълумоти босифат донишҷӯёнро бо малакаҳои зарурӣ барои корхонаҳо таъмин намуда, барои ба кишвари дорои даромади хуб табдил ёфтани Тоҷикистон ва мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти хосса дорад. Хонум Лора Так иброз дошт, ки Тоҷикистон дар давоми даҳсолаи ахир ҳам дар самти рушди иқтисодӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ҳам ҷиҳати натоиҷи таҳсилот дастовардҳои зиёдеро касб намудааст. “Вақте, ки мо дар солҳои 1990-ум бо Тоҷикистон ҳамкориро оғоз намуда будем, кишвар ба қарибӣ аз панҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисодиёт ва сармояи инсонии онро хароб намуд, раҳо ёфта буд. Танҳо дар соли 2002 иқтисодиёти Тоҷикистон сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 1991-ро барқарор намуд. Аз он замон инҷониб, иқтисодиёти кишвар ҳафт баробар, ба ҳисоби миёна 8% дар як сол афзоиш ёфт, ки воқеан ин натиҷаи назаррас мебошад”-иброз намуд Лора Так. Мавсуф ба даст овардани маълумоти олии касбӣ ва дар ин замина коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, инчунин ноилшавӣ ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар кишварро муҳим арзёбӣ кард. Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ аз таҳияи стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон хабар дода, гуфт: “Мо бо ҷавонони қисматҳои мухталифи Тоҷикистон бо мақсади муайянсозии афзалиятҳои онҳо машваратҳои васеъ гузаронидем. Ҳамаи онҳо мавқеи ягона доранд. Онҳо ҷонибдори маълумоти босифатанд, ки имконияти пайдо намудани кори хуб дар ояндаро дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ ва рушди минбаъдаи кишвар мусоидат менамояд”.Лора Так дар фароварди суханронии худ омодагии ҷониби Бонки ҷаҳониро ҷаҳати идомаи сармоягузорӣ ба соҳаи маорифи Тоҷикистон иброз дошт. Инчунин, дар ин вохӯрӣ миёни ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бобати фазои молиявии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар табодули назар сурат гирифт.
 

Февраль 11, 2014 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд