Вохӯрии С.Аслов бо А.Зуев

Февраль 21, 2014 15:03

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 20  феврал Вазири   корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Сироҷиддин  Аслов ҳамоҳангсози  доимии  СММ,  намояндаи  доимии  барномаи  рушди  СММ  дар  Тоҷикистон Александр  Зуевро  ба  ҳузур  пазируфт. 
 
Тавре  ки  аз  ВКХ  ҶТ  хабар доданд,  дар  ҷараёни  мулоқот  натиҷаи  ҳамкории  байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ниҳодҳои  СММ  дар  соли  2013  ва   дурнамои  ҳамкорӣ дар  соли  2014 мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. 
 
Ҷонибҳо ба барномаю лоиҳаҳое, ки  Барномаи  рушди  СММ  дар  Тоҷикистон   роҳандозӣ  менамояд,  таваҷҷӯҳи  хоса   зоҳир  намуданд.
 

Февраль 21, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш