Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Ӯзбекистон

Февраль 15, 2014 11:21

Душанбе, 15.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-14 феврали соли 2014 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими робитаҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
 

Февраль 15, 2014 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш