Волонтёрон- ҷавонони асри нав

Февраль 20, 2014 16:33

 
   Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бо мақсади  беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дастрасии гурўҳҳои осебпазир ба таҳсилот, саломатӣ, таъминоти иттилоотию ҳуқуқӣ ва мусоидат барои иштироки фаъоли ҷомеаи шарвандӣ дар демократикунонии ҷомеа бо роҳи рушди ҳаракати волонтёрӣ  дар кишвар Ассотсиатсияи волонтёрони Тоҷикистон  таъсис дода шуд.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, Ассотсиатсияи волонтёрон бо иштирок ва муассисии Иттиҳоди ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, ки ба он 110 ташкилоти кор бо ҷавонон аъзо мебошад: ташкилотҳои ҷамъиятии «Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон», «Насли ҷавони Тоҷикистон», «Сайёраи умед» (Ёвон), «Имрон» (Кӯлоб), «Умедвор» (Хуҷанд), «ШОТО» (Исфара) ва «Ҷавонони асри нав»  таъсис гардид.
 
 
 

Февраль 20, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш