Ёрии соҳибкори тоҷик ба ҳамватанон

Февраль 3, 2014 13:34

Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабо  Зунунова).- Ҳамдиёрамон  Эмомалӣ  Авазов  15  нафар  муҳоҷирони тоҷикро  дар Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «Автолюкс» — и   шаҳри  Новосибирски  Федератсияи  Русия  бо  кор таъмин  намуд. Музди  меҳнати  кормандони  ҷамъияти  мазкур  ба  ҳисоби  миёна  аз  20  то 35  ҳазор  рублро  ташкил  медиҳад. 
 
Ба  гуфтаи   корманди  Намояндагии   Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР,  худи  роҳбари  ҷамъияти  мазкур Эмомалӣ  Авазов ба ташхису  таъмири  муҳаррикҳои   автомобилҳои гуногун  ва  хариди  қисмҳои  эҳтиётии онҳо машғул  аст. 
 
«Яке  аз  бахшҳои   фаъолияти  муҳими  Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати  Тоҷикистон  дар  ФР  иборат  аз  таъмини   муҳоҷирони  меҳнатии  тоҷик  бо  кор  дар  қаламрави  Федератсияи  Русия  мебошад. Кормандони  намояндагӣ дар  ин  росто  ҳамеша бо  роҳбарияти  ниҳодҳои  хоҷагидории  минтақаҳои  мухталифи  Русия  вомехӯранд» —  гуфт  корманди  Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  Тоҷикистон.

Февраль 3, 2014 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш