«Зарафшон» 2,5 тонна тилло истеҳсол мекунад

Февраль 13, 2014 15:33

Панҷакент, 13. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Соли ҷорӣ корхонаи муштараки «Зарафшон» -и шаҳри Панҷакент аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз, ки ба истифода доданаш моҳи июли соли равон дар назар аст, ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба 2,5 тонна мерасонад. 
   Бино ба маълумоти КМ «Зарафшон»  соли 2013 дар корхона 1 ҳазору 714 килограмм тилло истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори беш аз 200 килограмм зиёд аст.
   Аз рӯи ҳаҷми истихроҷ  КМ «Зарафшон » корхонаи бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Корхона соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати тиллову маъдани Тоҷикистон таъсис дода шуд. То соли 2007 бастаи саҳмияҳои назоратии корхона ба ширкати бритониёӣ тааллуқ дошт.
   Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ  дар вилояти Суғд дастрас мешаванд.  
 
 
 

Февраль 13, 2014 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд