Зариф Ализода: 47 дарсади муроҷиатҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак аст
Душанбе, 07.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Ҳифзи ҳуқуқҳои гурӯҳҳои осебпазир ва кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад ва агар дар соли 2012 дар самти ҳуқуқ ба робитаи оилавӣ ҳамагӣ як ариза ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли сипаригашта дар ин самт ба мақомоти мазкур 9 муроҷиат ворид гаштааст, ки 47 дарсади муроҷиатҳо оид ба ҳуқуқи кӯдакро ташкил медиҳанд, гуфт Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ ба ВАО.
Ба иттилои Зариф Ализода, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо яке аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад. Вайроншавии ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар мавридҳое ба вуҷуд меояд, ки муҳоҷири меҳнатӣ вазъи ҳуқуқии ба танзим даровардашуда надорад, дар вазъи ғайриқонунӣ қарор дорад ва муносибатҳои меҳнатӣ аз тариқи дахлдор бо роҳи бастани шартномаи меҳнатӣ ба расмият дароварда нашудаанд ва ба миёнаравҳо бовар мекунанд, дар натиҷа онҳо ба ҳолатҳои истисморкунӣ, аз ҷумла сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи меҳнат ё умуман пардохт нашудани он дучор мешаванд, иброз дошт Зариф Ализода дар нишаст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






