100 стипендия барои донишҷӯёну аспирантон

Март 3, 2014 14:42

Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 28 феврали соли ҷорӣ Қарори раиси вилояти Суғд  «Дар бораи муқаррар намудани стипендияи раиси вилояти Суғд барои соли 2013 — 2014» тасдиқ гардид.
Мувофиқи қарори мазкур дар соли хониши 2013 -2014 барои донишҷӯёну аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят стипендияҳо таъсис дода хоҳанд шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки аз фанҳои таълимӣ 75 фоиз баҳои аъло доранд, аз тариқи ғолибият дар озмун метавонанд стипендияҳои раиси вилоятро дарёфт намоянд.
Зикр мешавад, ки дар соли хониши 2013 — 2014 барои донишҷӯён ва аспирантон 100 стипендия муқаррар  шудааст.
 
 
 
 

Март 3, 2014 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд