Қарзҳои дастрас аз «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»
Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ҷаласаи навбатии Шўрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл баргузор гардид.
Дар ҷаласа бо назардошти имкониятҳои молиявии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва ба талаботи қарзгирӣ ҷавобгў будани лоиҳаҳо ба баррасии Шўро 9 лоиҳаи аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок пешниҳод гардид. Ба 4 лоиҳаи ҶДММ “Сорбон” ноҳияи Восеъ, соҳибкори инфиродӣ Мусоев Ҳ. ноҳияи Восеъ, ҶДММ “Сафари Мурод” ноҳияи Қубодиён ва ҶДММ “Зиёратшо” н.Ванҷ тибқи овоздиҳӣ ба маблағи 2 миллиону 230 ҳазор сомонӣ афзалияти иқтисодӣ дода шуда, протоколи ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ба имзо расонида шуд.
Мавриди ёдоварист, ки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ҷиҳати тақвият бахшидани рушди соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис шуда, ҳадаф аз таъсиси он ба роҳ мондани дастгирии воқеии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонии онҳо дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, пешниҳод намудани қарзҳои хурду миёна бо фоизҳои муносиб, инчунин таъмини рақобатнокии низоми қарздиҳии бонкӣ мебошад.
Ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” дар соли сипаригашта 153 лоиҳа ва дар 2 моҳи соли ҷорӣ 22 лоиҳаи тиҷоратии аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятноки субъектҳои соҳибкорӣ ворид гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






