«Қонун дар бораи нафт ва газ» қабул мегардад
Душанбе, 03.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қонуни нав «Дар бораи нафт ва газ»-ро қабул намояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки 3 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур бартарафсозии мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои нафту газ дар қаламрави кишар мебошад.
Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», инчунин «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






