Қотилон дастгир шуданд
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Шаби 14 ба 15-уми марти соли 2014, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар куштор Корчин Дмитрий Владимирович соли таваллудаш 1974, сокини кӯчаи Савдои пойтахт, пеш бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва Чайкин Дмитрий Александрович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Ваҳдат, пеш бо моддаҳои 244 ва 104-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир шуданд.Сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ки онҳо шаби 14 ба 15-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 01:40-дақиқа дар кӯчаи Деҳлавӣ, хонаи 17, бо мақсади харидани нӯшокии спиртӣ бо шаҳрванд Ашӯралӣ Акобиров, соли таваллудаш 1960, муноқиша карда бо воситаи корди дар дасташон буда, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш зада, ӯро ба ҳалокат расонидаанд. Дар ин асно писари мақтул, ноболиғ Ҷовидон Акобиров, соли таваллудаш 2001, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №65, ба назди падараш давида меояд. Қотил Корчин Дмитрий Владимирович Ҷовидон Акобировро ба воситаи корд ба баданаш зада, ӯро низ аз ҳаёт маҳрум месозад.Баъдан ин нафарони бетараҳҳум иҷоранишини А. Акобиров, шаҳрванд Солиева Каромат Самиевна, соли таваллудаш 1959-ро 8-маротиба бо корд ба узвҳои баданаш зада, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонида, хонаро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа дар масоҳати 80 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад. Дар айни замон ҷабрдида Солиева К.С. дар беморхона ба табобат фаро гирифта шудааст.Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






