Қурби доллари ИМА тағйир наёфт

Март 14, 2014 11:59

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих).- Мувофиқи  хабари Бонки миллии  Тоҷикистон, дар  нуқтаҳои мубодилаи  асъори  Тоҷикистон  қурби доллари  ИМА  тағйир  наёфтааст.
 
Тайи ҳамин ҳафта  қурби доллари  ИМА  дар  нуқтаҳои мубодилаи  асъор тағйир  наёфта, ба таври  миёна 4,9620 – 4,9770 сомониро ташкил  дод. 
 
Қурбҳои  миёна  аз рӯи  мубодила бо  рубли русӣ  ва евро ба  андозае  баланд  гардида,  таносубан  0,1345 — 0,1355 сомонӣ  ва  6, 7585- 6,7814 сомониро ташкил  доданд. 
 
Имрӯз, 14 март, қурби  миёнаи  доллари  ИМА  дар  нуқтаҳои мубодилаи  асъори  шаҳри  Душанбе  4, 9640 — 4, 9800  сомонӣ дар  шаҳри Хуҷанд 4, 9700- 4,9800 сомонӣ ва  дар  шаҳри  Қӯрғонтеппа 4,9600- 4, 9800 сомониро ташкил  дод.
 

Март 14, 2014 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш