Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар ЭКО
Душанбе, 01.03.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамасола 21 март таҷлил мегардад, дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/, воқеъ дар Теҳрон аз 9 то 13 марти соли равон чорабинии фарҳангӣ созмон дода мешавад. Назар ба иттилои Шоҳмансури Шоҳмирзо -коршиноси фарҳанги тоҷик дар умури ЭКО дар ин чорабинӣ 20 асари хушнависии Ҳаким Ҳасан- хаттоти тоҷик, 40 акс аз Мижгони Сайёдӣ — аккoси эронӣ, инчунин либосҳои суннатии тоҷикӣ ба маърази намоиш гузошта мешаванд. Ҳадаф аз ташкили ин намоишгоҳ муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ЭКО мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






