Ҷаласаи Комиссияи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Март 20, 2014 16:31

Душанбе, 20.03.2014 (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар кишвар Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи мазкур, ки шумораи баробари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Иттиҳодияи корфармоён
и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро дар бар мегирад доир гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни татбиқи «Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар гузоришҳое, ки аз ҷониби иштирокчиён оид ба раванди иҷрои Созишномаи генералӣ дода шуд, тибқи созишномаи мазкур лоиҳаи як қатор санадҳои меъёрии хуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо ба густариши минбаъдаи усули шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ мусоидат хоҳанд кард.
 

Март 20, 2014 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш