Ҷаласаи коршиносони СҲШ дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- 13 ва 14 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон мулоқоти коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа масоили ҳамкории минбаъдаи маъмуриятҳои миллии сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин аз 11 то 13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин ҷаласаи Гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардида, дар ҷараёни он коршиносон перомуни масъалаи такмили заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва механизми афзун намудани аъзои созмони мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






