Ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ
Айнӣ, 18.03.2014.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердӣ). — Дар маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба иди Наврўзи дилафрўз бо ибтикори маъмурияти Маркази эҷодиёти халқи вилоят ва китобхонаи вилоятии ба номи Абўабдуллои Рўдакӣ машварати кормандони муассисаҳои клубу китобхонаҳои оммавӣ баргузор гашт, ки дар он мутахассисони собиқадори соҳаи фарҳанги вилоят ширкат доштанд. Онҳо оид ба нақши муассисаҳои фарҳангӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа, нақши китоб дар ҷаҳони муосир, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба хониши китоб нуқтаи назари хешро иброз намуданд. Зикр гардид, ки имрўз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди соҳаи фарҳанг, эҳёи ҳунару суннатҳои мардумӣ аҳамияти хосса дода мешавад ва имконоти мавҷударо дар ин самт оқилона истифода бояд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






