Ҷалби бештари сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон
Душанбе, 13.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар ҷараёни сафари расмии Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 12 март дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Комиссияи Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисони палатаи болоии парлумонҳои Тоҷикистону Русия -Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Валентина Матвиенко иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати Комиссияи Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардиданд.
Валентина Матвиенко таъкид кард, ки алҳол дар Тоҷикистон намояндагиҳои ширкату корхонаҳои гуногуни Русия фаъолият доранд ва барои тавсеаи фаъолияти минбаъдаи онҳо, инчунин ҷалби сармояи кишвараш ба иқтисодиёти Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар ҷаласа ҳамзамон доир ба масоили тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду савдо, энергетика, тандурустӣ, меҳнат ва илму маориф табодули назар карда шуд. Зикр гардид, ки дар ояндаи наздик Форуми навбатии Комиссияи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия доир мегардад, ки дар он муҳимтарин масоили марбут ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ таҳлилу баррасӣ хоҳанд шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






