Ҷалби мизоҷон ба «Агроинвестбонк»
Темурмалик, 24.03.2014.(АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ, боғдорӣ, занбӯри асалпарварӣ ва дигар соҳаҳо роҳбарияти филиали «Агроинвестбонк»-и ноҳияи Темурмалик кӯшиш доранд, ки мизоҷонро ба бонк бештар ҷалб карда, хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис ва соҳибкорони инфиродиро бо қарз ва фоизҳои нисбатан паст таъмин намуда, шартномаи тарафайнро нисбат ба онҳо афзоиш диҳанд. Дар айни ҳол кормандони бонк ба 133 хоҷагии деҳқонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон ба маблағи 2 млн 500 ҳазор сомонӣ шартнома бастанд, ки ин рақам нисбат ба соли сипаригардида 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба гуфтаи манбаъ шахсоне, ки дар ҳолати зарурӣ ба бонк муроҷиат менамоянд, мувофиқи ҳуҷҷатҳои талаботи бонкӣ ба онҳо аз 500 то 5000 долар дар аввал қарз дода мешавад, ки 2,5 то 3% -и қарзи бонкӣ мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






