Ҷамъбасти иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи муҳоҷират
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 5 марти соли равон Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мавзӯи «Раванди татбиқи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011- 2015»» конфронси илмию амалӣ баргузор намуд.
Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи хадамот хабар доданд, татбиқи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар ба хориҷа» ба тамоми вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вобаста буда, ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа алоқамандии мустақим дорад.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева дар хусуси дигаргуниҳо, аз ҷумла, шомил шудани Хадамоти муҳоҷират ба сохтори вазорат, оид ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ба ҳозирин маълумот дода, оид ба ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011- 2015» сухан гуфт. Иҷрои «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҶТ ба хориҷа барои солҳои 2011 — 2015» ҳуҷҷати муҳим дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими раванди муҳоҷират ва воситаи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа ба шумор меравад.
Дар ҷараёни конфронс намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, бобати корҳои анҷомдода дар иҷрои бандҳои стратегияи мазкур ҳисобот доданд.
Дар конфронс, аз ҷумла, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ ширкат намуда, оид ба уҳдадориҳои худ дар иҷрои стратегияи мазкур ҳарф заданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






