Ҷашни мубораку наку
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ дар чорабинӣ зикр шуд, ки «Рӯзи Модар ҷашни муборакест, ки бо ҳузури хеш дар тақвими миллии мо аз омадани зеботарин фасли табиат- баҳори нозанин башорати неку саодатманд меоварад. Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам Зан — Модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Соли шашум аст, ки дар қаламрави кишвари азизи мо ин рӯзи зебои оғози айёми шукуфоиҳои ҳаёт ҳамчун Рӯзи мубораки мансуб ба номи Модар дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Бузургдошти ин санаи муқаддас, ки бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо, ки ба гиромидошти занону модарон иртибот дорад, расмияти давлатӣ пайдо намуд. Ин ҷашн рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеи соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст».
Муовини ректори донишгоҳ Муъминҷон Шамсиддинов аз нақши занон дар пешбурди донишгоҳ ҳарф зада, гуфт, ки аз 862 нафар устоди донишгоҳ 429 нафараш бонуст. Аз инҳо 8 нафар доктори илм, профессор, 85 нафар номзади илм, 336 нафар сармуаллимаю муаллима мебошад.
Дар хатми чорабинӣ ба 172 нафар донишҷӯдухтари ятиму камбизоат, бепарастор ва маъюб кӯмаки молӣ расонида шуда, 12 нафар устод бо туҳфаҳои хотиравӣ, 26 нафар бо Ифтихорномаи Раёсати донишгоҳ, 49 нафар бо Раҳматнома қадршиносӣ гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






