Ҷавонон- ояндаи миллат
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Асри бистуяк асри илм ва технологияҳои пешрафта аст. Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон робитаҳои иттилоотиву фарҳангии кишварамон бо мамлакатҳои гуногуни олам рўз то рўз вусъат меёбанд.
Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи рафтори зишт ба фарҳанги миллии мо аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем»,-зикр кард Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқоти хеш бо зиёиён.
Гузаштагони хирадпарвари мо, барҳақ, адабро ҷавҳари ҳастии инсон ва ҷомеа гуфтаанд. Бо мақсади тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон истифодаи ҳарчи васеъ аз шабакаҳои телевизионии миллӣ зарур мебошад.
Зиёиёни миллат имкон доранд, ки бо ҳамин роҳ моҳияти сиёсати фарҳангии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба мардум расонанд ва дар таҳкими арзишҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардум, махсусан наврасону ҷавонон саҳми воқеӣ гузоранд.
Воқеияти зиндагӣ ва ҳаёти имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки агар шаҳрвандон маърифати зарурӣ ва сатҳи баланди худшиносӣ надошта бошанд, решадор гардидани ваҳдату худшиносӣ дар байни онҳо мушкил аст.
Аз ин рў, зиёиёни кишварро зарур аст, ки тамоми нерўву имконияти худро барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, одобу ахлоқ, тақвияти фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии миллат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз истифода намоянд.
-Имрўз вазифаи аввалиндараҷаи мо аз он иборат аст, ки истиқлолияту соҳибихтиёрии давлати хешро муқаддас шуморем, онро чун гавҳари чашм ҳифз намоем ва дастовардҳои онро таҳким бахшем,-таъкид кард Сарвари давлат.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






