Ҷузъу томҳои ВКД таҳти назоратанд

Март 11, 2014 10:06

Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 10 марти соли равон аз корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва  созандагию бунёдкорӣ дар Баталйони Хадамоти дидбонию пайраҳадорӣ дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе, Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, Ротаи зарбазани ДТММ, Осорхона ва қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дидан кард ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Вазири корҳои дохилӣ ба қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД омада, аз корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва ҷойи нигоҳдории захираҳои маводи хӯрокӣ дидан намуд. Дар ин радиф  вазири корҳои дохилӣ махсус таъкид дошт, ки чунин захираҳо бояд ба таври лозимӣ нигоҳ дошта шаванд ва ҳамеша ба талабот ҷавобгӯ бошанд.
Вазири корҳои дохилӣ ба масъулини дахлдор супориш дод, ки барои беҳтар намудани шароити корӣ дар ҷузъу томҳои мазкур ва ҷоннок намудани корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру тармим ва кабудизоркунии минтақаҳои хизматӣ аҳамияти хосса зоҳир намоянд.
 
 

Март 11, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд