22 журналист замин мегирад?
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бахшида ба Рӯзи Матбуоти тоҷик имрӯз шаҳрдории Хуҷанд қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ба 22 нафар журналист қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.
Заминҳои наздиҳавлигӣ ба теъдоде аз журналистон, аз ҷумла Дадохони Эгамзод — сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид», Толиб Каримов(Озарахш) — мухбири рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ва дигарон дода хоҳанд шуд.
Ёдрас мешавем, ки зимни нахустин мулоқоти худ бо рӯзноманигорон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ваъда дод, ки барои ҳавасмандӣ ва дастгирии журналистони эҳтиёҷманд аз маркази вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо мешавад.
Маросими қуръапартоӣ барои гирифтани замин дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, 10 март сурат мегирад ва дар назар аст, ки дар он раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намояд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






