30 март — Рӯзи ПСС Тоҷикистон
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 30 март аз рӯзи таъсисёбии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 сол сипарӣ мешавад. «Ин санаи фархундаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иди кормандон ва корхонаҳои аъзои он ба шумор меравад», — гуфт раиси Палата Шариф Саид.
Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми хосаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди пули мустаҳкаме, ки аҳли тиҷорати тоҷикро бо мушорикони хориҷиашон пайваст менамояд, ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон тайи 54 соли сипаришуда вазифаи асосии худро муваффақона баҷо оварда, ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат намуда, манофеи тиҷорати миллиро ҳифз мекунад.
Имрӯз яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти Палата иборат аз иштироки фаъолона дар амри расидан ба мақсадҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар аст.
Ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Бонки исломии рушд, Бонки Рушди АвруОсиё, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ, Бунёди Оғохон, Пажӯҳишгоҳи миллии савдои хориҷии Итолиё рушду густариш меёбад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






