6 медали хонандагон аз Алмаато

Март 5, 2014 14:59

Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-  Дар олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии  Қазоқистон  6 нафар хонандагони Мактаби президентии шаҳри Чкалов иштирок  намуда, 6 медали нуқра ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки 5 нафар хонандагони синфи 10 ва 1 нафар хонандаи синфи 11- и ҳамин мактаб  дар олимпиадаи байналмилалӣ  аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки аз 27 феврал то 3 марти соли равон дар Қазоқистон олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика доир гардид, ки дар он 14 нафар аз Тоҷикистон ширкат намуда, 8 медали нуқра ва 6 медали биринҷиро ба даст оварданд.
 
 

Март 5, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш