8 март борон мешавад ё барф?
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Рӯзи иди 8 март дар Тоҷикистон ҳаво абролуд шуда, дар водиҳо каму беш борон борида, дар кӯҳсор имконияти ба барфи тар табдил ёфтани борон вуҷуд дорад. Шамол пагоҳирӯзӣ дар як сония 2 – 4 метр ва рӯзона 0 – 1 метр мевазад. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзона 15 дараҷа гарм мешавад.
Тавре ки аз Хадамоти ҳавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 9 ва 10 март вазъи ҳаво тағйир намеёбад.
7 март дар водиҳо ва минтақаҳои кӯҳсор борон борида, ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 14 — 16 дараҷа, дар вилояти Суғд 10 — 12 , дар ноҳияҳои тобеи марказ 11- 13 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 14 — 15 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






