Ақл, ирода, нанг, номус сухан мегӯянд
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -18 марти соли ҷорӣ ҳунармандони Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи ҷолибу диданиеро бо номи «Аз мост, ки бар мост» манзури ҳаводорони театр менамоянд. Дар намоишнома нашъамандиву шаробхорагӣ, мардумфиребиву ВНМО (СПИД) ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа зери тозиёнаи танқид гирифта шудаанд. Як ҷиҳати махсуси намоишнома он аст, ки дар баробари нақшҳои айнии одам ва ҷавон, нақшҳои зеҳние, чун ақл, ирода, нанг, номус, шароб, сигор, СПИД ва нашъа низ рӯи саҳна амал мекунанду сухан мегӯянд.
Арбоби шоистаи санъати кишвар Абдулҳафиз Кодирӣ-коргардон ва ҳунармандони ҷавону хушсалиқа С. Шукуров, У. Бобомуродов, Н. Асадуллоев, Т. Салимова, А. Машрабов, Б. Ғуломҳайдаров ва дигарон офарандагони нақшҳои асосии намоишномаанд.
Нахустнамоиши «Аз мост, ки бар мост» 4-уми март пешкаши тамошобинон гардид.
Дар ин бора аз Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






