«Амонатбонк» ободии шаҳрро хоҳон аст

Март 3, 2014 11:34

 Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо оғози фасли баҳор дар тамоми ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбегӣ ва ҳашарҳои умумиҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Рӯзи 1 март кормандони тамоми  корхонаву кумитаҳои мамлакат шанбегӣ гузарониданд. Кормандони  Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷкистон  «Амонатбонк» низ барои саҳмгузор будан дар ободонии шаҳр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва омодагиҳо ба 90-солагии пойтахт дар атрофи бинои Раёсати бонк ва «Боғи 50-солагии ҷавонон» ҳашар гузарониданд.
 Роҳбарияти Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» тасмим гирифтааст ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки кормандон барои саҳмгузор будан дар ободии шаҳр ҳашар эълон намояд.
Тавре  ки аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» хабар доданд, дар робита ба ин раиси раёсат Ҷамшед Норинов ҳамаи воҳидҳои сохтории раёсати бонкро вазифадор намуд, ки   барои нақши муассир гузоштан дар ободии шаҳр саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин ҳамаи филиалҳои бонк дар шаҳри Душанбе низ муваззаф шуданд, то рӯзҳои шанбе ҳашарҳо гузаронанд.
 

Март 3, 2014 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд