Ба кор даровардани корхонаи маҳлулҳои зарфшӯйӣ дар ноҳияи Данғара
Душанбе, 23.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли маҳлулҳои зарфшӯйиро расман ба кор дароварда, ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт оғоз бахшид.Нахуст корхонаи Тоҷи Осиё, ки ба истеҳсоли маҳлулҳои шустушӯй машғул аст, расман ба кор дароварда шуд.Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 1,4 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони хусусии эронӣ бунёд ёфтааст.Иқтидори ҳозираи корхона 400 тонна маҳсулот дар як сол буда, дар он ҳоло 15 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. То соли оянда иқтидори корхона фузун гардида, шумораи коргарон ба 45 кас хоҳад расид.Маҳлулҳои шустушӯии ин корхона бо технология ва сертификати олмонӣ истеҳсол шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.Корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара бо саҳмгузории муштараки ширкатҳои Тоҷикистону Чин бунёд ёфта, дар он солона аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафти хом маҳсулоти тайёри гуногун истеҳсол карда хоҳад шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони он оғози расмӣ бахшид.Дар сурати ба кор даромадани 2 навбати аввали корхона ва нуқтаҳои ёрирасони он дар ин ҷо 3500 нафар бо корӣ доимӣ таъмин мегарданд, ки 80 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






