Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ
Душанбе, 14.03.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Имрўз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-и шаҳри Душанбе вохўрии муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Мавсума Муинова ва масъулини кумита бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидайни онҳо, намояндагони занон, ҷавонон, фаъолон, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва ходимони дини ноҳияи Сино баргузор гардид.
Мақсад аз вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ, алалхусус наврасону ҷавонон, талқини ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ миёни онҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буд.
Дар охир миёни иштирокдорон мубодилаи афкор ва маҳфили саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






