Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
Душанбе, 03.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Бо камоли андуҳу ғазаб хабари ҳамлаи ғаддоронаи террористиро ба шаҳрвандони бегуноҳи Чин дар истгоҳи роҳи оҳани Кунмин, ки дар натиҷаи он теъдоди зиёди одамон ҳалоку маҷрӯҳ шуданд, дарёфт намудам.Ин фоҷеа бори дигар собит месозад, ки муборизаи беамон бо ин зуҳуроти манфур – терроризм имрӯз вазифаи муҳимтарин ва муштараки кулли инсоният гаштааст. Мо дар Тоҷикистон омодаем, ки дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ҷидду ҷаҳдро ба харҷ диҳем, то ин балоро решакан намоем.Хоҳишмандам, ҷаноби Раис ҳамдардии самимона ва амиқи моро бо сабаби ин фоҷеа қабул намуда, ба наздикону хешовандони қурбоншудагон бирасонед. Мо ба дарди Шумо шарик ҳастем».








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






