Баррасии ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 28.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишонгулӣ Аманлиев масъалаҳои илмии миёни ду кишвар- Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ намуданд.Тавре, ки дар ин бора котиби масъули АИТ Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин муносибатҳои хуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро муҳокима намуда, барои хуб ба роҳ мондани муносибатҳои илмӣ миёни ду кишвар ибрози назар карданд.-Тоҷикистон ки кишвари офтобист, Институти офтоби Академияи илмҳои Туркманистон диққати махсус ба ин кишвар дорад,- гуфт сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Ишонгулӣ Аманлиев.Ба иттилои мавсуф Институти офтоб-аслан ба масъалаҳои омўзиши нурҳои офтобӣ ва истифодаи он дар истеҳсолот машғул мебошад.Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот президенти АИТ Фарҳод Раҳимов таваҷҷуҳи Академияро ба институтҳои илмӣ-татқиқотии физика-математика, Институти сейсмология ва Институти растаниҳои доруворӣ иброз дошта, барои ҳамкориҳои дуҷониба бо ин институтҳо изҳори омодагӣ намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






