Баррасии уҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи мухобирот
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-Дирӯз, 19-уми март дар Душанбе Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар мавзӯи «Уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар бастагӣ ба мухобирот» нишасти матбуотӣ доир кард. Дар ҷараёни ин дидор Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои қабулнамудаи кишварро доир ба фароҳам овардани дастрасӣ ба бозори мухобирот шарҳ дод. Пас аз вуруд ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра уҳдадориҳоро ба дӯш гирифтааст, ки вобаста ба он қонунгузориҳои худ ва фазои сиёсати тиҷории худро дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ бояд ба меъёрҳои Созмони тиҷорати ҷаҳон, мутобиқ гардонад.
Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ бидуни шубҳа, ба ҷумҳурӣ дар фароҳам овардани фазои рақобатпазирӣ дар бахши хусусӣ мусоидат менамояд.
Тоҷикистон ба уҳдадориҳои худ дар мавриди иҷрои ислоҳот дар соҳаи мухобирот ва дар ҳама соҳаҳои дигари иқтисод содиқ мемонад, то ҳама қонунгузориҳоро ба меъёрҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мувофиқ бисозад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






