Бохти «Равшан»

Март 13, 2014 16:15

Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Қаҳрамони дукаратаи  Тоҷикистон  оид ба  футбол  дастаи «Равшан» —  и  шаҳри  Кӯлоб 12 март дар ҳошияи   марҳалаи  гурӯҳӣ  барои дарёфти  Ҷоми  Конфедератсияи  футболи  Осиё  дар   гурӯҳи «А» бо  дастаи «Сафа» -и  Лубнон  қувваозмоӣ  намуд.  
 
Ин  вохӯрӣ  дар варзишгоҳи «Металлург» — и шаҳри  Турсунзода  дар ҳузури  7 ҳазор  нафар  мухлисони  футбол  сурат  гирифта,   бо ҳисоби 2:1 ба  фоидаи  меҳмонон  анҷом  ёфт. 

Март 13, 2014 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш