Бонувони беҳтарини ДМИТ муайян шуданд
Душанбе, 7.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Бонувони беҳтарини донишкада — 2014» дар байни донишҷӯдухтарони факултаҳои донишкада доир шуд.Тавре ки аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ доданд, Ашӯрбой Солиев, ректори донишкада ҳамаи бонувонро табрик намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо мавқеи зан дар ҷомеа боло рафта, занони тоҷик дар рушди тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми беназир доранд. Озмун аз рӯи 4 шарт сурат гирифт: қироати шеъри беҳтарин дар мавзӯи Зан-Модар; иҷрои суруди якка ё гурӯҳӣ; ҷавоб ба саволҳо ё иҷрои шарт; рақси якка ё гурӯҳӣ.Дар ҷамъбасти озмун бонувони беҳтарини ДМИТ муайян гардиданд. Духтарони факултаи молия ва қарз бо гирифтани 60 хол сазовори ҷои якум, факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ бо 56 хол соҳиби ҷои дувум ва факултаи иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ бо гирифтани 55 хол соҳиби ҷои сеюм гардиданд.Ба ғолибони озмун аз ҷониби раёсати донишкада барои ҷои аввал 500 сомонӣ, ҷои дуюм 300 ва барои ҷои сеюм 150 сомонӣ дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






