«Борбад ва Рӯдакӣ: идомат ва умумият дар анъанот»

Март 3, 2014 11:34

Душанбе, 03.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Борбад ва Рӯдакӣ: идомат ва умумият дар анъанот», таҳти чунин унвон нашриёти «Дониш»-и Академияи илмҳои ҷумҳурӣ китоби донишманди шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабовро аз чоп баровард.    Китоб бо забони  русӣ  мунташир гардида, аз муқаддима ва ду боб — «Борбад ва рушди санъати мусиқию ромишгарии тоҷикон дар қарнҳои  VI -VII»,   «Рӯдакӣ  ва ташаккули анъанаи шеъру мусиқӣ  дар асрҳои IХ -Х» иборат аст.
                Маҷмӯаи мазкур ба омӯзиши нозукиҳои осори пурғановати шахсиятҳои барҷастаи олами шеъру мусиқии тоҷикон дар ду давраи таърихӣ  — аҳди Сосониён (222/24-651) ва Сомониён (819-1005) дар симои нобиғаҳои  бузурги тамаддуни тоҷикон -Борбади Марвазӣ (589/90- 628) ва қофиласолори назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941)  бахшида шудааст.  Дар робита ба ин дар китоб ба раддабандии давраҳои таърихӣ ва силсилабандии фарҳанг ва мусиқии классикӣ, нақш ва мақоми хунёгар Борбад ва падари шеъри форсӣ-  Рӯдакӣ дар ташаккули низоми давлатдорӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
                Китоб барои доираи васеи хонандагон, коршиносони бахши фарҳанг, санъатшиносон, мутахассисоне, ки ба пажӯҳиши таърихи  шеъру мусиқии тоҷикон ва Шарқи Миёнаю Наздик машғуланд, тавсия дода мешавад. 

Март 3, 2014 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад