Боздиди В.Матвиенко аз ДСРТ
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- 13 март маросими вохӯрии профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Дар маросими вохӯрӣ Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин — Фролов, роҳбари намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ Владислав Курнушко, вазири маориф ва илми ҶТ Нуриддин Саидов ширкат доштанд.
Ректори Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов зимни суханрониаш зикр намуд, ки «муносибатҳои Тоҷикистону Русия тайи солҳои зиёде на фақат дар бахши сиёсату иқтисодиёт, балки дар соҳаи маориф низ муваффақона рушду густариш меёбанд».
Валентина Матвиенко дар навбати худ ба роҳбарияти донишкадаи олӣ барои пазироӣ ва ба мавсуф додани унвони доктори фахрии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард.
«Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон дар давраи мавҷудияташ чун муассисаи дорои сатҳи баланди таҳсилотӣ дар байни донишкадаҳои олӣ обрӯи зиёде пайдо кардааст», — қайд намуд Валентина Матвиенко.
Мавсуф зикр намуд, ки дар Тоҷикистон ҳар чи бештар намояндагиҳои донишкадаҳои нави олии Маскав ифтитоҳ мешаванд. «Ҳукумат ва Вазорати фарҳанг барномаи рушди забони русӣ дар ҳудуди Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд. Барои пуштибонии барномаи мазкур ба Тоҷикистон қариб 3 тонна китобҳои дарсӣ, ашёҳои таълимӣ ва тавсияномаҳои усулӣ оварда шудаанд»,- гуфт Валентина Матвиенко.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






